Сарвари нави беморхонаи “Истиқлол” таъин шуд

Имрӯз ба вазифаи сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Рустам Хуршедзода таъйин шуда, аз роҳбарии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим” озод гардид. Дар ин хусус Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст. Ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини сарвари Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии […]

Asia-Plus

Имрӯз ба вазифаи сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Рустам Хуршедзода таъйин шуда, аз роҳбарии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим” озод гардид.

Дар ин хусус Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини сарвари Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим” таъин шудааст.

Ин тағйироти кадрӣ бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба амал омадааст.

Ёдрас мекунем, дирӯз бо фармони раисҷумҳур собиқ сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд.

Собиқ вазири тандурустӣ Насим Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.