“Сарбозшикор”-и узви ситоди муқобила бо COVID-19 ва се пизишки дигар дар Зафаробод

Радиои Озодӣ

"Сарбозшикор" ё маҷбуран ба артиш бурдани чаҳор пизишки ҷавон дар Зафаробод, ки яке аз онҳо узви Ситоди ноҳиявии муқобила бо COVID-19 аст, ҳамкасбону волидонашонро нигарон кардааст. Феълан дар бемористони марказии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 18 нафар бо шубҳаи бемории ҳамагир зери карантинанд. Масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Зафаробод мегӯянд, ки ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд.

– Аҳлиддин Ашрафов, анастезиолог – реаниматолог ва узви ситоди ноҳиявии COVID-19,

– Бахтиёр Ҷумъаев, мутахассиси бемориҳои сироятӣ,

– Дилшод Эшонқулов, асабшинос,

– Шодӣ Шодиев, ҷарроҳ

пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар соли 2019 дар бемористони Зафаробод ба кор шуруъ карданд.

Аллаёр Кабиров, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Зафаробод, 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъди ба комиссариати ҳарбӣ бурдани табибони ҷавон" аз ҳодиса хабар ёфт, вале барои раҳоии онҳо коре аз дасташ наомад.

Як пизишки бемористони марказии ноҳияи Зафаробод, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт: "Баъди ҷалби Аҳлиддин Ашрафов дар беморхона фақат як табиби анастезиолог-реаниматолог мондааст. Акнун чӣ хел вазнин шудани кори моро тасаввур кунед. Дар беморхона боз ду мутахассиси дигар дорем, вале яке 67-сола буда, дар ин шароит осебпазир аст. Дигаре дар карантин аст."

Абдулкарим Ашрафов, падари Аҳлиддин Ашрафов, мегӯяд, аз ҷалби иҷбории писараш ба хидмати ҳарбӣ баъди се рӯз огоҳ шуд. "Писарам баъди кор чанд шабонарӯз дар беморхона меистод. Одат карда будем, ки дер меояд. Вазъият ба ҳама маълум. Ин дафъа бисёр дер кард, ба ҷои кораш занг задам. Гуфтанд, ки ӯро ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Рӯзи душанбе дар комиссариати ҳарбӣ ба мо гуфтанд, ки писарам дар Горди миллӣ дар шаҳри Бӯстон аст", – нақл кард ӯ.

Ашрафов мегӯяд, умед надошт, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ фарзандашро бе хатту хабар ба хидмат мебаранд ва дар ин бора ҳатто ба оилааш чизе намегӯянд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, пизишки дигар, кормандони комиссариати ҳарбӣ писари ӯро аз хона ба берун даъват карда, бо худ бурдаанд.

"Бахтиёр 14 рӯзи карантинро дар бемористон гузашта, ба хона омада буд. Бояд чаҳордаҳ рӯзи дигар дар хона меистод, чунки бо беморон тамос дошт, вале ин ҳам монеи кормандони комиссариати ҳарбӣ нашуд ва ӯро ба қисми ҳарбӣ фиристодаанд", – гуфт ӯ.

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҷалби табибони ҷавонро ба артиш шарҳ доданд, вале гуфтанд дар инҷо "ягон қонуншиканӣ нашудааст".

Муллошариф Бурҳонов, муовини комисcари ҳарбии ноҳияи Зафаробод, 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо аз хидмат саркашӣ карданд. Вақте гурӯҳи даъват рафта, мегӯяд, як нафарашон бояд ба хидмати ҳарбӣ раванд, розӣ нашуданд. Барои саркашӣ аз рутбаҳои ҳарбияшон маҳрум карда шуданд. Ҳамчун қаторӣ ба хидмат фиристодем. Ин ҷо ягон маҷбуркуниву зӯроварӣ нисбат ба онҳо нашудааст."

Ӯ ҳамчунин гуфт, табибони ҷавон дар комиссариати ҳарбӣ дар бораи ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтан ариза навиштанд. Коре, ки ихтиёрӣ будани онро ҳоло намешавад аз худи ҷавонон пурсид. Ҳамчунин маълум нест, ариза таҳти чӣ шароите навишта шудааст.

Вазъи пешомада суолеро ҳам байни ҳамкорони пизишкони ҷавон матраҳ кардааст, ки эҳтимол, артиш ба табибон ниёз дорад ва барои ҳамин оҷилан онҳоро доштаву ба қисми ҳарбӣ фиристодаанд.

Музаффар Бобоҷонов, полковники мустафъӣ ва коршиноси масоили ҳарбӣ мегӯяд, дар ҳар ҳолат барои маҳрум кардани пизишкони ҷавон аз рутбаи ҳарбӣ асосеро намебинад.

"Ба ғайр аз вазири мудофиа, ки унвони ҳарбиро ба онҳо додааст ё сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дигар касе ҳаққи маҳрум кардан аз унвони ҳарбиро надорад. Ин ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ба ҷои кор ва хонаи онҳо ҳозир шуда, ба хидмат бурданӣ шуданд, вале онҳо саркашӣ кардаанд, ба ин кор асос шуда наметавонад."

Ӯ афзуд, наздикони табибони ҷавон ҳақ доранд ба додситонии ноҳия ё вилоят нома навишта, барқарор намудани унвонҳои ҳарбии фарзандони худро талаб кунанд.

Аз нигоҳи коршинос, ин ҳодиса сустии корҳои тарғибу ташвиқ ва бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавононро бармало мекунад.

Даъват ба хидмат дар артиши Тоҷикистон соле ду бор – баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27- сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ва теъдоде аз онҳоро ҳам бо роҳи "сарбозшикор" мегиранд. Мақомот ҷавононро барои саркашӣ аз хидмат муттаҳам менамоянд, вале сокинону ҷомеаи шаҳрвандӣ ба кам кардани муҳлати хидмати сарбозӣ, аз байн бурдани "дедовшина" ва беҳтар кардани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ пойфишорӣ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...