Тоҷикистону Қирғизистон назорати сарҳадро пурзӯр мекунанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар робита ба афзоиши шумори шахсони сироятёфта аз коронавирус дар Тоҷикистон, назорати сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон пурзӯр карда шуд. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод ба муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров хабар медиҳад.

“Аз ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадӣ боздид кардам. Шумори сарҳадбононро зиёд кардем, нисбат ба замони осоишта имрӯз ҳарбиён дар сарҳад зиёдтаранд. Мо назоратро пурзӯр мекунем, Тоҷикистон ҳам аз ҷониби худ тақвият медиҳад. Агар лозим ояд, боз тадбирҳои иловагӣ меандешем”, – гуфтааст ӯ рӯзи 6-уми май дар ҷаласаи Жогорку Кенеш.

Тавре хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад, дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамаи шахсони аз Тоҷикистон баргаштаро ба карантин мефиристанд.

“Аз Тоҷикистон 27 нафар донишҷӯён баргаштанд. Ҳамаи онҳо дар карантин қарор доранд”, – гуфтаанд ба хабаргузорӣ дар дастгоҳи ҳукумати вилоят.

То 7-уми май дар Қирғизистон расман 895 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор 637 нафар шифо ёфта, 12 нафар фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, то 6-уми май шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 379 нафар расида, 8 нафар вафот кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...