Боздошти тоҷикистониён дар Лаҳистон бо гумони ҷалби одамон ба ДОИШ

Хадамоти сарҳадбонии Лаҳистон (Полша) 4 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард, ки тибқи маълумоти Агентии амнияти дохилии ин кишвар, аз фаъолияти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҷонибдорӣ мекарданд. Дар ин бора Gazeta.pl хабар медиҳад. Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа (PR)-и назди вазир-ҳамоҳангсози хадамоти махсуси Лаҳистон Станислав Жарин хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 7-уми май ба ҳабс гирифта […]

Asia-Plus

Хадамоти сарҳадбонии Лаҳистон (Полша) 4 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард, ки тибқи маълумоти Агентии амнияти дохилии ин кишвар, аз фаъолияти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҷонибдорӣ мекарданд. Дар ин бора Gazeta.pl хабар медиҳад.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа (PR)-и назди вазир-ҳамоҳангсози хадамоти махсуси Лаҳистон Станислав Жарин хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 7-уми май ба ҳабс гирифта шудаанд.

“Маводи Агентии амнияти дохилӣ нишон медиҳад, ки хориҷиён “фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро писандида, онро дастгирӣ мекунанд”. Онҳо мебоист барои фаъолияти минбаъдаи террористӣ шахсонеро, ки мазҳаби худро тағйир дода, исломро пазируфтаанд, ҷалб мекарданд”, – афзудааст Жарин.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади ихроҷи минбаъда ва ба рӯйхати афроди номақбул дар қаламрави Лаҳистон ва минтақаи Шенген ворид кардани онҳо, боздоштшудагон дар маркази Хадамоти сарҳадбонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

“Чорабиниҳо бар асоси муқаррароти Қонун дар бораи хориҷиён ва Қонун дар бораи фаъолияти зиддитеррористӣ амалӣ шуд”, – қайд мешавад дар изҳороти роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.