Аз номи раисҷумҳур ба ВМКБ кумак расонида шуд

Хосият Худоёрбек, махсус барои Asia-Plus

Бо мақсади дастгирии кормандони тиббӣ ва маризони Беморхонаи марказии вилоятии шаҳри Хоруғ, аз номи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи тиббӣ 20 тонна кумаки башардӯстона расонида шуд.

Дар Хоруғ онро раиси вилоят Ёдгор Файзов қабул карда, бо изҳори сипос қайд намуд, ки ин кумак хеле сарвақтист.

Кумак аз 4 тонна орд, 2-тоннагӣ биринҷу шакар, макарону картошка, пиёзу сабзӣ, инчунин таҷҳизоти тиббӣ, ниқобу антисептикҳо, доруворӣ ва либоси махсус иборат аст.

Ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров, ба туфайли дастгирии ҳамаҷониба ҳайати тиббии беморхона “устуворона баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ талош меварзад”.

“Хеле хурсандиовар аст, ки ҳафтаи охир дар минтақа 138 нафар шифо ёфта, аз беморхона ҷавоб дода шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ширкати “Помир энержи” ба маблағи қариб 296 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи вилоятии Хоруғ кумак расонид.

Ин кумак 30 ҳазор ниқоб, 2 ҳазор дастпӯшак, 10 адад либоси махсус барои кормандони тиббӣ, спирти тиббӣ, хлор ва 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-ро дар бар мегирифт.

Ба иттилои корманди ширкати мазкур Хоҷамир Қурбонбеков, нархи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дар бозор 125 ҳазор сомониро ташкил дода, он бо дархости табибони беморхонаи вилоятӣ харида шудааст.

Сардухтури беморхона Саидбек Давлатбеков изҳор дошт, ки ин дастгоҳ барои беморхона аҳаммияти калон дорад.

“Минбаъд бо кумаки он муолиҷаи гирифторони диққи нафас (астма) ва бронхит, илтиҳоби шуш (пневмония) ва дигар бемориҳои роҳи нафас имконпазир мешавад”, – гуфт сардухтур.

Дар ҳамин ҳол, сокинони 17 маҳаллаи шаҳри Хоруғ аз ҳисоби худ ихтиёрӣ ва бонавбат барои беморону кормандони беморхона хӯрок тайёр мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...