Сардухтури беморхонаи вилояти Хатлон аз вазифа озод шуд

Ду мансабдори соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ озод карда шуданд. Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май сардухтури беморхонаи клиникиии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ду мансабдори соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май сардухтури беморхонаи клиникиии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода аз вазифа озод шудааст.

“Тибқи дастури Ҷамолиддин Абдуллозода, сардухтури беморхонаи вилоятӣ Алихон Нурализода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Шамсулло Олимзода, ки то ин вақт вазифаи сарвари Маркази бемориҳои сили вилоятро ба уҳда дошт, таъин карда шуд”, – гуфт манбаъ.

Вале ӯ нагуфт, ки Алихон Нурализода ба кадом вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳмизода низ бо дастури вазир аз вазифа озод шуд.

Нурулло Бояков бар асоси фармони сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазифаи сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.