COVID-19 ба мушкили ҷиддии коҳиши даромадҳо ба буҷети Тоҷикистон боис мешавад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми май дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок кард. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми май дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок кард.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои “оилаи СҲШ”-ро баррасӣ карданд.

Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қайд карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд.

Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ  маълумот дод.

Дар суханронии ӯ ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин росто вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намуд.

Дар рафти машварат нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байнулмилалиро баррасӣ шуда, вазирон дар бораи аҳаммияти таҷлили Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75-умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Русия дар СҲШ баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.