Дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи “Бофанда” охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад

Дармонгоҳи сайёр дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад. Айни замон дар ин ҷо корҳои васли дармонгоҳ ба шабакаи обу корез ва шабакаи барқи шаҳр ҷараён доранд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе хабар доданд, наздики 300 нафар коргарону мутахассисон ва 30 адад техника […]

Дармонгоҳи сайёр дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад.

Айни замон дар ин ҷо корҳои васли дармонгоҳ ба шабакаи обу корез ва шабакаи барқи шаҳр ҷараён доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе хабар доданд, наздики 300 нафар коргарону мутахассисон ва 30 адад техника дар ин ҷо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

“Раёсати тандурустии шаҳр ҳайати кормандони дармонгоҳ – табибону ҳамшираҳои шафқат, санитарҳо ва кормандони техникиро интихоб ва муайян кард. Инчунин таҷҳизоти дахлдор, доруворӣ, воситаҳои муҳофизат ва дигар лавозимоти зарурӣ ҷудо шуд”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, 7-уми май президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ (дармонгоҳи сайёр) фиристода шавад. Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи 8-уми май бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.