“Амонатбонк”: «Корти миллӣ» фаъол шуда, муштариён пул гирифта метавонанд

Корти бонкии Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” фаъол шуд. Дар ин бора БДА “Амонатбонк” хабар медиҳад, ки оператори ин низом аст. Гуфта мешавад,  мушкилоти техникӣ бартараф шуда, дорандагони “Корти миллӣ” акнун аз бонкҳо тариқи он пул гирифта метавонанд. “Дар ҳолати дучор шудан бо мушкилӣ ва ё нофаҳмӣ ба рақамҳои 1885 занг занед”, – қайд шудааст […]

Корти бонкии Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” фаъол шуд. Дар ин бора БДА “Амонатбонк” хабар медиҳад, ки оператори ин низом аст.

Гуфта мешавад,  мушкилоти техникӣ бартараф шуда, дорандагони “Корти миллӣ” акнун аз бонкҳо тариқи он пул гирифта метавонанд.

“Дар ҳолати дучор шудан бо мушкилӣ ва ё нофаҳмӣ ба рақамҳои 1885 занг занед”, – қайд шудааст дар маълумоти “Амонатбонк”.

Ёдрас мекунем, дорандагони “Корти миллӣ” шикоят доштанд, ки аз аввали ҳафта ба пардохти пули маҳсулоту хизматрасониҳо бо ин кортҳо имкон надошта, инчунин аз кортҳо пули нақд гирифта наметавонистанд.

Дар Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” рӯзи 12-уми май ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки мушкилоти техникӣ пайдо шуда, мутахассисон ба бартараф кардани он машғуланд.

Нимаи дуюми рӯзи гузашта чанде аз дорандагони кортҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба маблағҳои худ дар ин корт пурра дастрасӣ доранд, ҳарчанд дар “Амонатбонк” қайд карда буданд, ки мушкил қисман ҳал шуда, танҳо хизматрасонии Amonat Online ва SMS-Payamak фаъол аст, лекин аз корт пули нақд гирифта намешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кормандони буҷет ва нафақахӯрон маош ва нафақаҳои худро танҳо тариқи “Корти миллӣ” мегиранд. Дар ин рӯзҳо онҳо ба гирифтани пулҳои худ имкон надоштанд.

Тибқи маълумоти “Амонатбонк”, кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” ба ҳамаи хоҳишмандон дода мешаванд. Ин кортҳоро дар дохили Тоҷикистон метавон истифода кард. Ҳамчунин онҳо барои амалисозии лоиҳаҳои музди меҳнат бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун истифода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.