Иттиҳоди Аврупо ва ФАО ба кишоварзони тоҷик 60 тонна тухмии картошка доданд

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, тақсими 60 тонна тухмии картошкаи баландсифатро ба иттифоқҳои кооперативии кишоварзон ҷамъбаст кард. Фаъолияти мазкур ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод кумак мекунад. ФАО дар […]

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, тақсими 60 тонна тухмии картошкаи баландсифатро ба иттифоқҳои кооперативии кишоварзон ҷамъбаст кард.

Фаъолияти мазкур ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод кумак мекунад.

ФАО дар умум интиқол додани 80 тонна тухмии аълосифати картошкаро ба кишоварзон дар назар дорад, ки аз он дар мавсими ояндаи кишоварзӣ ҷамъоварии 1000 тонна ҳосил интизор меравад.

Занҷираҳои истеҳсолию фурӯши тухмии картошка дар Тоҷикистон дучори мушкилоти зиёд мешавад. Ба чунин машкилот сифати пасти тухмӣ, монеаи воридоти маҳсулот бо сабаби COVID-19 ва афзоиши талабот ба тухмӣ дар арафаи мавсими кишт дохил мешаванд. Инчунин тухмии хушсифати картошка дастрасии маҳдуд ва нархи гарон дорад. Илова бар ин, мушкилоти дастрасӣ ба пестисид, нурӣ ва дигар захираҳо ба кишоварзон барои ба даст овардани даромади баландтар имкон намедиҳад.

Иттифоқҳои кооперативӣ, ки тухмиҳои картошкаи Ред Скарлеттро аз Ҳолланд гирифтаанд, ҳамагӣ зиёда аз 120 кишоварзонро ба ҳайси аъзо доранд. Азбаски онҳо бонкҳои тухмии картошкаро пешбарӣ мекунанд, кишоварзони маҳаллӣ имкон доранд, ки бо усули инноватсионии истеҳсоли тухмии картошка шинос шуда, тавассути системаи GLOBAL GAP – стандарти ихтиёрии бехатарии озуқаворӣ муаррифӣ карда шаванд.

“Мо истеҳсоли тухмиро дар бахши хусусӣ тавассути рушди кооператив дастгирӣ мекунем. Кооперативҳо бояд як унсури асосии занҷираи истеҳсолу фурӯши тухмии картошка бошанд ва ба кишоварзон имкон диҳанд, ки дар асоси унсурҳои демократӣ соҳибӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳои тиҷоратиеро, ки маҳсулоту хизматрасонии онҳоро харидорӣ мекунанд ва мефурушанд, амалӣ намоянд, – таъкид кард Гучгелддиев. – Ин дар якҷоягӣ бо ҳамгироии минбаъдаи тухмипарварӣ дар бахши хусусӣ, ба аъзоёни кооператив бо таври дарозмуддат фоида меорад”.

Роҳбари Намояндагии ИА сафир Йосефсон қайд кард, ки ин иқдом як қисми вокуниши Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемияи глобалии COVID-19 ба Тоҷикистон мебошад. Таъмини тухмии сермаҳсули картошка барои хоҷагиҳои кишоварзии хурд на танҳо ба баланд шудани самаранокии занҷираи истеҳсоливу фурӯши картошка мусоидат мекунад, инчунин картошкаҳои истеҳсолшуда барои истеъмоли дохилӣ дастрас мешавад, ки амнияти озуқавории аҳолии деҳотро беҳтар мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби ИА маблағгузорӣ шуда, барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишоварзон мебошад. Лоиҳа инчунин ба рушд ва ташкили иттифоқҳои кооперативии самаранок ва амалкунанда мусоидат мекунад. Ин дар навбати худ метавонад ба таъсиси сохторҳои миллӣ, ки манфиатҳои саҳмдоронашро дар тамоми сатҳҳои идоракунии соҳаи кишоварзӣ ифода мекунанд, бурда расонад.

GLOBAL GAP стандарти ихтиёрии амнияти озуқаворӣ мебошад, ки мутобиқати онро бисёр шабакаҳои супермаркет дар Аврупо талаб мекунанд. Ин стандартҳо барои кишоварзон муҳим мебошанд, зеро онҳо тамоми раванди истеҳсолоти кишоварзиро, сар аз захираҳо то истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ фаро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.