Дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи “Бофанда” охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад

Аваз Юлдошев

Дармонгоҳи сайёр дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад.

Айни замон дар ин ҷо корҳои васли дармонгоҳ ба шабакаи обу корез ва шабакаи барқи шаҳр ҷараён доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе хабар доданд, наздики 300 нафар коргарону мутахассисон ва 30 адад техника дар ин ҷо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

“Раёсати тандурустии шаҳр ҳайати кормандони дармонгоҳ – табибону ҳамшираҳои шафқат, санитарҳо ва кормандони техникиро интихоб ва муайян кард. Инчунин таҷҳизоти дахлдор, доруворӣ, воситаҳои муҳофизат ва дигар лавозимоти зарурӣ ҷудо шуд”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, 7-уми май президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ (дармонгоҳи сайёр) фиристода шавад. Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи 8-уми май бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...