Коронавирус дар Тоҷикистон: 907 нафар бемор шуда, 29 кас фавтиданд

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 14-уми май дар мамлакат 907 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 29 кас бар асари он фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 106 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз то кунун 6 кас вафот кардаанд.

Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 403 кас баъд аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Қаблан намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, изҳор доштанд: “Дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад. Авҷи беморӣ дар кишвар ҳанӯз дар пеш буда, шумори беморон рӯз то рӯз меафзояд”.

Роҳбари ҳайати СҶТ Патрик О’Коннор дар ҷараёни брифинги онлайнӣ гуфт: “Бо назардошти зуд паҳн шудани коронавирус, тадбирҳое, ки дар давоми рӯзҳои минбаъда амалӣ мешаванд, барои наҷоти ҳаёти одамон нақши асосӣ хоҳанд дошт”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...