Кумаки башардӯстонаи бародаршаҳрҳои Душанбе ба Тоҷикистон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ташкилотҳои ҷамъиятии Чин ва бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 479,6 ҳазор доллар зиёда аз 6,5 тонна кумаки башардӯстона фиристоданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии сафорати Чин дар Тоҷикистон Сун Хунчжи хабар дод, маросими супурдани кумак рӯзи 10-уми май дар дидбонгоҳи назоратии “Қулма-Қарасу” баргузор шудааст.

“Кумак аз 17 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), беш аз 48 ҳазор ниқоби муҳофизатии тиббӣ, қариб 397 ҳазор ниқоби тиббии яккарата, 47 ҳазор ниқоби тиббии ҷарроҳӣ, 11 ҳазору 750 маҷмӯи либоси муҳофизатии тиббӣ, 20 ҳазору 600 ҷуфт дастпӯшак, 11 ҳазор айнаки муҳофизатӣ, 900 ҳароратсанҷ ва 5 ҳазор экран-ниқоби муҳофизатӣ иборат аст”, – гуф Хунчжи.

Ба гуфтаи ӯ, ин кумаки аввали Чин ба Тоҷикистон набуда, барои мубориза бо пандемия ҳукумати Чин инчунин ду баста борҳои зиддиэпидемикӣ ирсол кардаву мекунад.

Бастаи аввал, ки рӯзи 30-юми март дода шуд, аз 2 ҳазор маҷмӯи реагентҳо барои ошкор кардани коронавирус, либоси муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти тиббии мавриди ниёзи аввал иборат буд.

“Дар бастаи дуюм Чин ба Тоҷикистон 50 ҳазор тест-низом барои ташхис, 30 ҳазор хилъати тиббии муҳофизатӣ, 30 ҳазор ниқоби тиббии навъи №95, 150 ҳазор ниқоби ҷарроҳӣ, 50 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои тиббӣ, 30 ҳазор айнаки тиббӣ ва 1 ҳазор тепловизор мефиристад”, – иброз дошт котиби матбуотии сафорат.

Зикр шуд, ки қисми якум аз бастаи дуюм (50 ҳазор тест-низом) рӯзи 6-уми май дар гузарогоҳи “Қулма-Қарасу” дар сарҳади байни кишварҳо ба Тоҷикистон супурда шуда, ду қисми дигари баста ба наздикӣ оварда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...