Сардухтури беморхонаи вилояти Хатлон аз вазифа озод шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ду мансабдори соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май сардухтури беморхонаи клиникиии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода аз вазифа озод шудааст.

“Тибқи дастури Ҷамолиддин Абдуллозода, сардухтури беморхонаи вилоятӣ Алихон Нурализода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Шамсулло Олимзода, ки то ин вақт вазифаи сарвари Маркази бемориҳои сили вилоятро ба уҳда дошт, таъин карда шуд”, – гуфт манбаъ.

Вале ӯ нагуфт, ки Алихон Нурализода ба кадом вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳмизода низ бо дастури вазир аз вазифа озод шуд.

Нурулло Бояков бар асоси фармони сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазифаи сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...