Нигаронии вазири меҳнат аз вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода тариқи алоқаи интернетии Skype бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии ин вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират машварати  корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, Гулрӯ Ҷабборзода ба роҳбарият ва кормандони намояндагӣ дастур дод, ки ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳамаҷониба кумак расонида шавад.

Гуфта мешавад, роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, ҷануб ва шимолу ғарби Русия, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар ва корҳои анҷомдодаи намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши мафассал манзур карданд.

Вазир супориш дод, ки ягон муроҷиат ё арзу шикояти муҳоҷирони кории тоҷик бетаваҷҷуҳ гузошта нашавад.

Ҷабборзода ҳамчунин зарурати роҳандозии ҳамкории зичи намояндагиии вазоратро дар Маскав бо диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои Русия таъкид кард.

Бар асари вазъи марбут ба коронавирус аксари муҳоҷирон дар Русия вазъи душвор доранд. Бархе ба хона баргашта натавонистанд, дигарон аз кор маҳрум шуданд. Акнун пули онҳо тамом шуда, аз гуруснагӣ азият мекашанд.

“Ман ҳамроҳи ҳамсар ва 3 фарзандам моҳи ноябр тибқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон ба шаҳри Челябинск омадам, – нақл кард ба “Азия-Плюс” сокини Душанбе Субҳон Исломов. – Муваққатан дар сохтмон кор карда, ҳоло ба гирифтани шаҳрвандӣ фурсат наёфтаам. Аммо карантин ҷорӣ карданду акнун хонашинӣ лозим омад. Фикр кардем, ки ин як муддати кӯтоҳ аст. Лекин губернатори вилоят реҷаи карантинро то 31-уми май дароз карда, ҳоло ҳам маълум нест, ки онро кай бекор мекунанд. Пуламон тамом шуд. Ба ҷойи кумак ба пайвандон дар Тоҷикистон, баръакс аз онҳо акнун ёрӣ мепурсем”.

Ҳазорон тоҷикистонии дигар низ дар чунин вазъиятанд. Ба онҳо тоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар хайрхоҳон кумак мекунанд, аммо дасташон ба ҳама намерасад.

“Баъзе ҳамдиёрони мо ҳозир дар анборҳо кор меёбанд ё ба рӯбучину тозакунии кӯчаву ҳавлиҳои назди биноҳо машғул мешаванд, ки дар ин ҳолат эҳтимоли сирояти коронавирус вуҷуд дорад. Ва на ҳама вақт ба мо кумак мекунанд. Аз ин рӯ, мо ду роҳи интихоб дорем: ба кор рафтан бо эҳтимоли зиёди сироятёбӣ аз коронавирус ё риояи карантин ва аз гуруснагӣ азият кашидан”, – гуфт як сокини Душанбе Рустам Неъматов, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Маскав қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...