Писари муҳофизи президент ба душанбегиҳо антисептик ва ниқоб тақсим кард

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дирӯз аз маҳаллаҳои Бадахшон-1 ва Нисормуҳаммади пойтахт боздид кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод. Дилшод Саидзодаи 30-сола, писари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон Мурод Саидов, дар яке аз воҳидҳои Вазорати молия кор карда, […]

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дирӯз аз маҳаллаҳои Бадахшон-1 ва Нисормуҳаммади пойтахт боздид кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Дилшод Саидзодаи 30-сола, писари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон Мурод Саидов, дар яке аз воҳидҳои Вазорати молия кор карда, моҳи март вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуд.

Дилшод Саидзода дирӯз аз ду маҳаллаи аҳолинишини пойтахт боздид карда, ба сокинон маводи антисептикӣ ва ниқоб тақсим кард.

Ба иттилои манбаъ, ӯ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дар мавриди бемории коронавирус бовар накунанд.

Падари вакили Маҷлиси пойтахт Мурод Саидов аз охири соли 1992 муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.