Садамаи нақлиёт дар Спитамен се кушта бар ҷой гузошт

Date:

Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт субҳи 14 май дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рух дод.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини ноҳияи Зафаробод Умарқул Азизови 31-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини ноҳияи Деваштич Камолиддин Ашӯрови 34-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа мусофирони "Опел-Вектра" Субҳонқул Азизови 38-сола, Ибодат Шарифоваи 59-сола – сокинони ноҳияи Зафаробод ва мусофири "Опел-Астра"  Шукур Нурови 71-сола аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ронандагони автомашинаҳо ва як мусофири 33-солаи автомашинаи «Опел-Вектра», сокини ноҳияи Зафаробод Илҳом Кучаков ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...