Садамаи нақлиёт дар Спитамен се кушта бар ҷой гузошт

Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт субҳи 14 май дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рух дод. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини ноҳияи Зафаробод Умарқул Азизови 31-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини […]

Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт субҳи 14 май дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рух дод.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини ноҳияи Зафаробод Умарқул Азизови 31-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини ноҳияи Деваштич Камолиддин Ашӯрови 34-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа мусофирони "Опел-Вектра" Субҳонқул Азизови 38-сола, Ибодат Шарифоваи 59-сола – сокинони ноҳияи Зафаробод ва мусофири "Опел-Астра"  Шукур Нурови 71-сола аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ронандагони автомашинаҳо ва як мусофири 33-солаи автомашинаи «Опел-Вектра», сокини ноҳияи Зафаробод Илҳом Кучаков ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.