Солҳои 2020-2022 ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун наздики $1,1 млрд равона мешавад

Хароҷот ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун солҳои наздик мутобиқи ҷадвали қаблан тасдиқшудаи корҳои муҳандисӣ амалӣ мешавад. “Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар давраи солҳои 2020-2022 наздики 1,1 млрд долларро ташкил хоҳад дод”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Ҳамзамон дар Вазорати молия ба “Азия-Плюс” […]

Хароҷот ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун солҳои наздик мутобиқи ҷадвали қаблан тасдиқшудаи корҳои муҳандисӣ амалӣ мешавад.

“Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар давраи солҳои 2020-2022 наздики 1,1 млрд долларро ташкил хоҳад дод”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳамзамон дар Вазорати молия ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

“Қаблан барои бунёди ин иншоот маблағгузории иловагӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) ва фурӯши тилло равона мешуд. Маблағгузории солона то ба 5 млрд сомонӣ мерасид. Соли ҷорӣ сохтмони нерӯгоҳ танҳо аз ҳисоби маблағҳои дар буҷет пешбинишуда – 2,1 млрд сомонӣ амалӣ мешавад”, – қайд карданд дар Вазорат.

Таъкид шуд, ки айни замон маблағгузорӣ ба паймонкори кулли сохтмони иншоот – ширкати итолиёвии Salini Impregilo дар ҳаҷми пурра амалӣ шуда, аммо оид ба пардохти кору хизматрасониҳои чанде аз паймонкорони фаръӣ – корхонаҳои ватанӣ қарзҳо вуҷуд доранд.

“Айни замон дар мавриди ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бо шартҳои мусоид барои ҷумҳурӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, – илова карданд дар Вазорати молия.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Ду агрегати аввали нерӯгоҳ айни замон кор мекунанд: агрегати якум моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуданд.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.