Мусодираи маркази савдои оилаи Зайд Саидови 29 сол маҳкумшуда дар маркази Душанбе

tojiki

Ҳукумати Тоҷикистон бинои маркази савдоро дар кӯчаи Лоиқ Шералии Душанбе, ки ба собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ, тоҷир ва мухолиф Зайд Саидови ба 29 соли зиндон маҳкумшуда тааллуқ дошт, мусодира намуд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба саҳифаи писари тоҷир дар Facebook Хайрулло Саидов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Хайрулло Саидов, “ғасби бинои №3 дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ ҳанӯз аввали моҳи январи соли 2020 сурат гирифта, лекин тасмим гирифтааст, ки дар ин хусус имрӯз, 19 май дар солгарди рӯзи ҳабси падараш хабар медиҳад”.

Бино, ба қавли вай, бино номи Зайд Саидов сабт шуда, пас аз ҳабсӣ ӯ ба ширкате иҷора дода шуда буд, ки ҳамаи уҳдадориҳояшро иҷро мекард ва саривақт андозҳоро пардохт мекард.

Ба далели хилофи қонун, аз ҷумла қонун “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”будани амали хадамоти иҷрочиёни судӣ, Саидов аз болои он ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят мекунад.

Гуфта мешавад, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоятро аввали моҳи апрел баррасӣ ва қарори иҷрочиёни Хадамоти иҷроро дар бораи ҳабси бино бекор мекунад, аммо маълум мешавад, ки ин амвол аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дар қатори амволи дигари маҳкумшуда Саидов З. Ш., ки гӯё бо роҳи ҷиноят ба даст оварда бошад, мусодира гаштааст.

“Моликияти мазкур, ки пештар дар замонати бонк буд ва баъдан дар асоси замонат як қисми он ба бонк гузашт ва фақат таҳхонаву ошёнаҳои якуму дувум ба банда тааллуқ дошт. Ин ягона манбаи рӯзгузаронии хонаводаи бештар аз 30-нафарии мо буд”, – навиштааст писари соҳибкор.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат пазируфт.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат пазируфт. Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, мусодира  ва миллӣ карда шуданд.

Охири моҳи декабри ҳамон сол ӯ ба ҷурми қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Моҳи августи соли 2015 Суди олии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳо дар сохтмони бинои маҷмааи “Душанбе Плаза” ва ғайриқонунӣ хусусигардонии иттиҳодияи “Тоҷикатлас” замони вазири саноат буданаш муҳлати ҷазои ӯро то 29 сол дароз кард. Ҳамчунин суд ӯро ба пардохти 34 млн сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.

Рӯзи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти таҷдиди назари тоҷир Зайд Саидовро баррасӣ нмуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт.

Мувофиқи маълуомти Кумитаи андоз дар соли 2013, Зайд Саидов молик ва шарики моликияти 13 корхонаҳои зерин буд: ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал», ҶСП «Гулистон», ҶДММ «Рос Азия Инвест», ҶСП КМ «Тоҷик Азот», ҶСП «Абрешим», ҶСП «Маркази истеҳсолӣ-таълимии "Заргарӣ”, инчунини"» ҶСП «Алмаз Азия», ҶДММ «Тоҷ-Рус-Ҳамкор», ҶДММ «Гулистон Тур», ҶСП «Табаррук», ҶСП «Меҳробод», ҶСП «Шерзод-2013», ҶСП «Тоҷик Мармар». Ҳамаи корхонаҳо тибқи қарори суд мусодира шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...