Хоруғ: навраси 13-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шуд

Сокини шаҳри Хоруғ, навраси 13-сола нимаи дуюми рӯзи 15 май аз беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд афтода, ғарқ шуд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, корҳои ҷустуҷуи ҷасади наврас шоми ҳамон рӯз ва ду рӯзи минбаъда бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 май сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз пули […]

Сокини шаҳри Хоруғ, навраси 13-сола нимаи дуюми рӯзи 15 май аз беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд афтода, ғарқ шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, корҳои ҷустуҷуи ҷасади наврас шоми ҳамон рӯз ва ду рӯзи минбаъда бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 май сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз пули мошингузари мавзеъи Сари Пул худро ба оби пурталотуми Сурхоб андохта, ба ҳалокат расидааст.

Наҷотбахшони дастаи зудамали Кумита дар минтақаи Рашт ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, корҳои ҷустуҷӯро ба роҳ монданд ва рӯзи 17 май ҷасадро дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, мавҷи об ҷасади ӯро беш аз 30 километр бурда ва дар маҳалле бо номи Мазори Хоҷа Абдуллое Валӣ, воқеъ дар ноҳияи Нуробод партов кардааст. Ҷасади марҳум ҳоло ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуда, тафтиши сабабҳои ин худкушӣ оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.