ВАО: Дар Чин хуруҷи нави коронавирус сабт шуда, 108 млн нафар ба карантин гирифта шуданд

Бар асари хуруҷи нави коронавирус дар қисмати шимоли шарқии Чин, 108 млн нафар ба карантин гирифта шуданд. Дар ин бора Bloomberg хабар медиҳад. ки Медуза ба он истинод меоварад. Карантин дар шаҳрҳои музофоти Сзилин ва Яонин ҷорӣ шудааст. Дар шаҳрҳои Сзилин (маркази музофоти ҳамном) ва Шулан маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудаанд. Шаҳри охирро маркази нави хуруҷи коронавирус […]

Бар асари хуруҷи нави коронавирус дар қисмати шимоли шарқии Чин, 108 млн нафар ба карантин гирифта шуданд. Дар ин бора Bloomberg хабар медиҳад. ки Медуза ба он истинод меоварад.

Карантин дар шаҳрҳои музофоти Сзилин ва Яонин ҷорӣ шудааст. Дар шаҳрҳои Сзилин (маркази музофоти ҳамном) ва Шулан маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудаанд. Шаҳри охирро маркази нави хуруҷи коронавирус меноманд.

Мансабдорон аз соҳаи тандурустӣ ҳоло дақиқ намедонанд, ки ба хуруҷи нав чӣ сабаб шудааст, лекин бар ин назаранд, ки он шояд аз одамоне ворид шуда бошад, ки аз Русия баргаштаанд. Вилояти Сзилин, ки Шулан дар он воқеъ аст, бо Приморйеи Русия ҳамсарҳад аст.

Тавре South China Morning Post хабар медиҳад, аз 18 май дар шаҳри Шулан реҷаи карантин ҷорӣ шудааст.

Дар он ҷо ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, ба кӯча баромадан ва хориҷ шудан аз шаҳр маҳдуд шудааст. Дар шаҳр 5 мансабдор бо шумули роҳбари шуъбаи Ҳизби коммунисти Чин аз кор озод шудаанд.

Хуруҷи нави коронавирус дар қисмати шимолу шарқии Чин ҳудуди ду ҳафта пеш ошкор шудааст.

Тибқи маълумот то 18 май, дар вилояти Сзилин 34 ҳолат ва дар вилояти Ляонин – 3 ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Чанде пеш мушовири ҳукумати Чин оид ба мубориза бо коронавирус Чжун Наншан ба CNN изҳор доштааст, ки қисмати зиёди аҳолии Чин то ҳол ҷиҳати сироят аз коронавирус осебпазиранд, ки ин дар навбати худ эҳтимоли мавҷи дуюми эпидемияро дар кишвар меафзояд.

Қобили зикр аст, ки охири соли 2019 Чин аввалин шуда ба коронавирус дучор шуд. Охири моҳи март кишвар дар бораи боздошти эпидемия хабар дода, лекин сабти ҳолатҳои ҷудогона идома дошт. Тибқи маълумоти рӯзи 18 май, дар кишвар беш аз 84 ҳазор ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 4645 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.