Вазорати тандурустӣ: Барои бистарӣ кардани беморони коронавирус ҷой кофист

Вазорати тандурустӣ изҳор мекунад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар мавриди қабул ва ҷойгиркунии беморони коронавирус мушкилу норасоӣ вуҷуд надошта, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон таъминанд. “Бо вуҷуди афзоиши ҳамарӯзаи беморони коронавирус, дар мавриди норасоии кадрҳои тиббии машғул ба муолиҷаи беморони COVID-19 мушкилӣ нест. Дар сурати нарасидани кадрҳои тиббӣ, […]

Вазорати тандурустӣ изҳор мекунад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар мавриди қабул ва ҷойгиркунии беморони коронавирус мушкилу норасоӣ вуҷуд надошта, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон таъминанд.

“Бо вуҷуди афзоиши ҳамарӯзаи беморони коронавирус, дар мавриди норасоии кадрҳои тиббии машғул ба муолиҷаи беморони COVID-19 мушкилӣ нест. Дар сурати нарасидани кадрҳои тиббӣ, аз дигар муассисаҳо мутахассисон ҷалб мешаванд”, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустии кишвар.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳамаи муассисаҳои тибии кишвар, ки дар онҳо беморони коронавирус муолиҷа мегиранд, бо маводи зарурии тиббӣ, шароити хизматрасонӣ, либоси муҳофизатӣ, воситаҳои безараргардонӣ ва мутахассисони соҳибкасб таъминанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 42 ҳазор кати муолиҷа омода шудааст.

“Дар муассисаҳои тиббии Душанбе беш аз 5,5 ҳазор кати муолиҷа барои қабули беморони COVID-19 тайёр буда, ҳафтаи наздик боз 2 ҳазор ҷойи табобат омода мешавад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар шароити паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба табибони ихтисосҳои махсус ниёзи бештар вуҷуд дошта, корҳои ифтитоҳи муассисаҳои тиббии иловагӣ ва тақимоти табибон мутамарказонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.