Владимир Путин аз мусалмонони Русия таҷлили Иди Рамазонро дар хонаҳо дархост кард

Зимни машварат бо раҳбарияти Доғистон ва намояндагони ҷомеа президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки умедвор аст мусалмонони Русия бо тавсияи ходимони дин Иди Рамазонро дар хонаҳояшон ҷашн мегиранд. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки ҷашни бузургу муҳими мусалмонон ба шумор рафта, муддати […]

Зимни машварат бо раҳбарияти Доғистон ва намояндагони ҷомеа президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки умедвор аст мусалмонони Русия бо тавсияи ходимони дин Иди Рамазонро дар хонаҳояшон ҷашн мегиранд. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки ҷашни бузургу муҳими мусалмонон ба шумор рафта, муддати се рӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия он имсол ба рӯзи 24 май рост меояд.

“Ман огаҳам, ки дар Доғистон ба ин ид чӣ гуна муносибат доранду расму оинҳоро гиромӣ медоранд. Инро ҳам медонам, ки ходимони дин даъват доранд, ки дар замони ҳозира ин ид дар хонаҳо ҷашн гирифта шавад, аз ибодатҳои дастаҷамъона, анъанаҳои як ҷо ҷамъ шудан бо дӯстон ва маъракаҳои сериздиҳом худдорӣ шавад. Умедворам, ки тасвияҳои ходмиони маъруфи дин сарфи назар намешаванд", – гуфтааст Путин.

Аз рӯйи шумори сироятёфтагон Доғистон дар ҷойи панҷум дар Русия қарор дорад. Дар минтақа 3,5 ҳазор нафар беморон ва 29 каси фавтида сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии Доғистон Ҷамолуддин Ҳоҷииброҳимов қаблан хабар додаа буд, ки аз бемории COVID-19 дар минтақа 40 табиб фавтидаанд.

Ҳамагӣ дар Русия 291 ҳазор сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, 2 ҳазору 700 нафар фавтиданд. Шабонарӯзи охир 8,9 ҳазор ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон низ намози Иди Рамазон баргузор намешавад. Тавре аз Шӯрои уламои кишвар хабар доданд, намоз тариқи онлайн низ доир намегардад, зеро он ба шариати ҳанафӣ мухолиф аст. Рӯзи саҳеҳи Иди Рамазон дар Тоҷикистон 20 май эълон мешавад. Яқинан он рӯзи 24 май хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.