Ҳавопаймои “Тоҷик-Эйр” ба Маскав парвоз кард

Date:

Шоми дирӯз ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Маскав парвоз кард.

“Он соати 19:00 аз фурудгоҳи пойтахт парвоз карда, соати 4-и субҳи рӯзи дигар боз ба Душанбе бармегардад”, – иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ аз масъалаи “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки бо ин ҳавопаймо муҳоҷирони тоҷики дар марказҳои нигаҳдории муваққатӣ қарордошта, ҳамчунин ҷасади тоҷикистонёи фавтида аз Русия ба ватан оварда мешаванд.

“Ин хатсайри чартерӣ буда, ҷасадҳои тоҷикистониёни фавтида, инчунин муҳоҷирони дар қабулгоҳҳои махсус қарордошта, яъне ихроҷшударо ба Тоҷикистон меорад”, – иттилоъ дод манбаъ.

Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...