Ҳавопаймои “Тоҷик-Эйр” ба Маскав парвоз кард

Шоми дирӯз ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Маскав парвоз кард. “Он соати 19:00 аз фурудгоҳи пойтахт парвоз карда, соати 4-и субҳи рӯзи дигар боз ба Душанбе бармегардад”, – иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова. Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ аз масъалаи “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки бо ин ҳавопаймо муҳоҷирони […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шоми дирӯз ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Маскав парвоз кард.

“Он соати 19:00 аз фурудгоҳи пойтахт парвоз карда, соати 4-и субҳи рӯзи дигар боз ба Душанбе бармегардад”, – иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ аз масъалаи “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки бо ин ҳавопаймо муҳоҷирони тоҷики дар марказҳои нигаҳдории муваққатӣ қарордошта, ҳамчунин ҷасади тоҷикистонёи фавтида аз Русия ба ватан оварда мешаванд.

“Ин хатсайри чартерӣ буда, ҷасадҳои тоҷикистониёни фавтида, инчунин муҳоҷирони дар қабулгоҳҳои махсус қарордошта, яъне ихроҷшударо ба Тоҷикистон меорад”, – иттилоъ дод манбаъ.

Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.