Хонандагон аз иқдоми #asiaplus4tajikistan ҷонибдорӣ намуданд

Маъракаи ҷамъоварии маблағ аз ҷониби корбарони “Азия-Плюс” барои кумак ба табибони тоҷик ҳамовозии зиёд пайдо кард. Давоми як шабонарӯзи сипаришуда аз эълони маъракаи #asiaplus4tajikistan “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” ба ҳисоби мо 4145 сомонӣ ва 224 доллару 53 сент маблағ ворид шуд. Ба даъвати мо даҳҳо тоҷикистониён аз гӯшаву канори дунё ҳамовоз шуданд. Касе 1 […]

Asia-Plus

Маъракаи ҷамъоварии маблағ аз ҷониби корбарони “Азия-Плюс” барои кумак ба табибони тоҷик ҳамовозии зиёд пайдо кард.

Давоми як шабонарӯзи сипаришуда аз эълони маъракаи #asiaplus4tajikistan “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” ба ҳисоби мо 4145 сомонӣ ва 224 доллару 53 сент маблағ ворид шуд.

Ба даъвати мо даҳҳо тоҷикистониён аз гӯшаву канори дунё ҳамовоз шуданд. Касе 1 сомонӣ ва дигаре 50 доллар пул гузаронид. Шиносҳои мо дар Душанбе чун аз ин ташаббус огаҳӣ ёфтанд, аз ҳамсояҳояшон дар хонаи истиқоматии баландошёна 2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда, ба мо оварданд.

Ба ҳама арзи сипоси бепоён!

Бори дигар такрор мекунем: медонем, ки ба шумо ҳам ҳозир душвор аст, аз ин рӯ, ҳама гуна саҳм, шарикиатон ба мушкили умумиро хеле қадрдонӣ мекунем ва бовар дорем, ки саҳми ночизи худро ба иқдоми умумии кумак ба табибон хоҳем гузошт.

Имрӯз дар бораи чӣ гуна ва ба куҷо сарф шудани аввалин маблағҳои воридшуда маълумот медиҳем.

Ҷамъоварии маблағ идома дорад.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.