Коронавирус дар Тоҷикистон: +207 ҳолати сироят аз COVID-19 тӯли як шабонарӯз

Date:

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 19 май ба 1936 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 207 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта ҳеҷ кас аз ин беморӣ вафот накарда, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафар боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи шумори фавтидагон аз Covid-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои дастгирии табибони Тоҷикистон иқдоми ҷамъоварии маблағ – “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”-ро роҳандозӣ кард. Он тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.

Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...