Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал $20 млн афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 апрели соли равон ҳудуди 2 млрд. 909 млн долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аввали соли равон қарзи берунаи кишвар ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд.

Наздики 95% – қариб 2 млрд 764 млн доллар аз ҳаҷми умумии қарз ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки барои иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишвар ҷалб шудааст.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 79,8 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), Чин, Бонки исломии рушд ба сурати умум 34 млн доллар қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи равон ҳукумати Тоҷикистон аз ХБА ба маблағи 189,5 млн доллар қарз дастрас намуд. Бо назардошт ин қарз, ҳаҷми умумии қарзи кишвар ба ҳудуди 3,1 млрд доллар баробар мешавад.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин (наздики 1,2 млрд доллар) боқӣ мемонад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ (евробондҳо) 500 млн долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА дар ҳаҷми начандон зиёд қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...