Шарикони ӯзбекистонии ширкати ватанӣ ба Тоҷикистон кумак карданд

Гурӯҳи ширкатҳои ҶС "Узэлектроаппарат" (#uzelectroapparat) ва КМ "Techno Cable Group" (#tcguz) ба ширкати тоҷикистонии "Энерго Комплект Инжиниринг" ҷиҳати таъмини беморхонаҳои Тоҷикистон як миқдор кумаки башардӯстона фиристоданд. “Шарикони мо аз ҳисоби худ маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аз респиратор, айнак, дастпӯшак, либоси муҳофизати ва ниқобҳои тиббӣ харидаанд. Ҳамаи ин воситаҳо баъди ба Тоҷикистон расидан ба ихтиёри […]

Гурӯҳи ширкатҳои ҶС "Узэлектроаппарат" (#uzelectroapparat) ва КМ "Techno Cable Group" (#tcguz) ба ширкати тоҷикистонии "Энерго Комплект Инжиниринг" ҷиҳати таъмини беморхонаҳои Тоҷикистон як миқдор кумаки башардӯстона фиристоданд.

“Шарикони мо аз ҳисоби худ маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аз респиратор, айнак, дастпӯшак, либоси муҳофизати ва ниқобҳои тиббӣ харидаанд. Ҳамаи ин воситаҳо баъди ба Тоҷикистон расидан ба ихтиёри беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дода мешаванд”, – хабар доданд аз ширкати "Энерго Комплект Инжиниринг".

Аз ҷумла, кумак аз 2 ҳазор либосҳо (комбинезонҳо)-и тиббӣ, 2 ҳазор айнаки тиббӣ, 5 ҳазор респиратор, 15 ҳазор дастпӯшак, 25 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 40 ҳазор ниқобҳои яккарата иборат аст.

“Кумак рӯзи 18 май ба Тоҷикистон расида, мо дарҳол ба тақсими он ба беморхонаҳои саросари ҷумҳурӣ пардохтем. То имрӯз 1 ҳазору 630 нафар кормандони тиббӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, шаҳракҳои Оби-Гарм, Рашт, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Рӯшан, Панҷ, Ҷайҳун ва Ҷиликӯл, шаҳрҳои Исфара, Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ гирифтанд. Рӯзҳои наздик боз 200 маҷмӯи воситаҳо ба Раёсати тандурустии пойтахт дода мешавад”, – гуфтанд дар ширкат.

Зикр шуд, ки ҶДММ "Энерго Комплект Инжиниринг"  ба директори генералии ҶС "Узэлектроаппарат" Владимир Роюк, директори тиҷоратии ҶС "Узэлектроаппарат" Валиҷон Раҳимов ва муассиси КМ "Techno Cable Group” Боситхон Ҳайдархонов барои кумаки хайрия арзи сипоси бепоён изҳор мекунад.

“Ҳамчунин ба раҳбарияти КДАМ ҶТ ва сарҳадбонони постгоҳи назоратии “Дӯстӣ” барои кумак зимни гирифтани бор дар сарҳади ҶТ изҳори миннатдорӣ мекунем”, – иброз доштанд дар ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.