Коргарони чинии ба эътироз дар Суғд дастзада чӣ мехостанд?

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон коргарон, шаҳрвандони Чини “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин” гирдиҳамоӣ барпо карданд. Дар шуъбаи робита бо ҷоемаи “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки эътироз рӯзи 20 май дарҳол баъди аз Чин омадани ҳавопаймо бо кумаки башардӯстона оғоз гардидааст. “Бо ҳавопаймое, ки ба Душанбе кумак овард, онҳо ба Чин баргаштан мехостанд. […]

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон коргарон, шаҳрвандони Чини “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин” гирдиҳамоӣ барпо карданд.

Дар шуъбаи робита бо ҷоемаи “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки эътироз рӯзи 20 май дарҳол баъди аз Чин омадани ҳавопаймо бо кумаки башардӯстона оғоз гардидааст.

“Бо ҳавопаймое, ки ба Душанбе кумак овард, онҳо ба Чин баргаштан мехостанд. Лекин ин кор ғайриимкон аст, чунки барои фиристодани онҳо мо бояд аз Чин иҷоза гирем. Лекин иҷоза набуд. Айни замон ҳамааш хуб аст, ҳамаи коргарон ба кор машғул буда, ҳеҷ мушкилие нест”, – изҳор доштанд дар ширкат.

Дар сафорати  Чин дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки дар бораи гирдиҳамоӣ онҳо алҳол маълумоти саҳеҳ дар даст надоранд.

“Бо расидани хабари муътамад, мо дар ин бора маълумот медиҳем”, – гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаи “Азия-Плюс” дар РВКД вилояти Суғд, дар шаҳраки Зарнисор (Олтин Топкани пешина) наздики 60 нафар коргарони чинии “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин” бо талаби пардохти саривақтии маош назди дафтари асосии кории ширкат ҷамъ омадаанд. Манбаъ қайд кард, ки онҳо барои он эътироз кардаанд, ки 8 моҳ инҷониб маош нагирифтаанд.

“Маъмурияти корхона ба хотири пешгирии минбаъд шиддат гирифтаи вазъ,  аз милитсия ёрӣ пурсида, гурӯҳи кормандони Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Барои пароканда кардани чамъомадагон кормандони милитсия ба ҳаво тир холӣ карданд. Ҳеҷ кас захмӣ ё кушта нашудааст”, – хабар дод манбаъ.

Дар навори видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дида мешавад, ки эътирозгарон сангпартоӣ мекунанд…

дар видеои баъди гирдиҳамоӣ дар қаламрави корхона шишаҳои шикастаро ҷамъоварӣ мекунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=JmHS5c30tzw

Дар РВКД ҳамчунин иттилоъ доданд, ки оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ боз нашудааст.

Миёни эътирозгарон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.