Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал $20 млн афзуд

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 апрели соли равон ҳудуди 2 млрд. 909 млн долларро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аввали соли равон қарзи берунаи кишвар ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд. Наздики 95% – қариб 2 млрд 764 млн доллар аз ҳаҷми умумии қарз ба қарзи бевоситаи давлатӣ […]

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 апрели соли равон ҳудуди 2 млрд. 909 млн долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аввали соли равон қарзи берунаи кишвар ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд.

Наздики 95% – қариб 2 млрд 764 млн доллар аз ҳаҷми умумии қарз ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки барои иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишвар ҷалб шудааст.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 79,8 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), Чин, Бонки исломии рушд ба сурати умум 34 млн доллар қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи равон ҳукумати Тоҷикистон аз ХБА ба маблағи 189,5 млн доллар қарз дастрас намуд. Бо назардошт ин қарз, ҳаҷми умумии қарзи кишвар ба ҳудуди 3,1 млрд доллар баробар мешавад.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин (наздики 1,2 млрд доллар) боқӣ мемонад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ (евробондҳо) 500 млн долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА дар ҳаҷми начандон зиёд қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.