Дар ВМКБ зимни боздошти қочоқбар сардори шуъбаи КДАМ захмӣ шуд

Date:

Кормандони шуъбаи Кумиттаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 22 май зимни баргузории амалиёти махсус сокини 44-солаи маҳаллӣ Шароф Қобиловро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҷумҳурӣ, ӯ дар даст доштан қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

“Ҳангоми боздошт Қобилов муқовимати сахт нишон дода, сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Самариддин Чуяновро  захмӣ кард, – хабар медиҳад манбаъ. – Боздоштшуда саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буд”.

Гуфта мешавад, рӯзи 1 майи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ Шароф Қобилов тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Он замон микдори  махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки Қобилов ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парванлдаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба вазъи саломатии Чуянов ҳеҷ хатаре таҳдид надошта, ӯ дар бемористон бистарӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...