Таъсиси ширкати нави алюминии «ТАЛКО Индастрис» дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 7 майи соли равон дастур додааст, ки бо ҷудо кардани қисмате аз амволи ҶСК “Талко” дар заминаи ин амвол ҶСК “ТАЛКО Индастрис” таъсис дода шавад. Бо ин санад супориш дода мешавад, ки ба ширкати нав низ ҳамаи имтиёзоти мавриди истифодаи ҶСК “ТАЛКО” дода шавад. ТАЛКО ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 7 майи соли равон дастур додааст, ки бо ҷудо кардани қисмате аз амволи ҶСК “Талко” дар заминаи ин амвол ҶСК “ТАЛКО Индастрис” таъсис дода шавад.

Бо ин санад супориш дода мешавад, ки ба ширкати нав низ ҳамаи имтиёзоти мавриди истифодаи ҶСК “ТАЛКО” дода шавад.

ТАЛКО ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати давра ба давра интиқол додани амвол ба тавозуни “ТАЛКО Индастрис” уҳдадор мешаванд.

Дар ҳамин қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки Созишнома дар бораи навсозӣ ва барқарор кардани иқтидорҳои ТАЛКО, ки ба “ТАЛКО Индастрис” дода мешаванд, маъқул шуморида шавад.

Санади мазкур байни ТАЛКО ва ширкати China Machinery Engineering-и Чин моҳи апрели соли гузашта ба имзо расида буд.

Мувофиқи созишномаи имзошуда, ширкати Чин ба сохтмони корхона бо иқтидори истеҳсоли 300 ҳазор тонна алюминий дар як сол уҳдадор шуд. Барои анҷоми ин корҳо аз ҷониби фармоишгар маблағгузории 545 млн доллар дар назар аст.

Ғайр аз ин, бо қарори ҳукумат супориш дода мешавад, ки  шартномаи дубора муҷаҳҳаз гардонидани коргоҳи сӯзиш (гудохтан), ки байни ҶСК “ТАЛКО” ва ширкати «FIVES SOLIOS» (Фаронса) ва миёни ҶСК “ТАЛКО” ва ширкати «Riedhammer GmbH» (Олмон) баста шудааст, маъқул дониста шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.