Дар ВМКБ зимни боздошти қочоқбар сардори шуъбаи КДАМ захмӣ шуд

Кормандони шуъбаи Кумиттаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 22 май зимни баргузории амалиёти махсус сокини 44-солаи маҳаллӣ Шароф Қобиловро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҷумҳурӣ, ӯ дар даст доштан қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. “Ҳангоми боздошт Қобилов муқовимати сахт нишон дода, сардори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони шуъбаи Кумиттаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 22 май зимни баргузории амалиёти махсус сокини 44-солаи маҳаллӣ Шароф Қобиловро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҷумҳурӣ, ӯ дар даст доштан қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

“Ҳангоми боздошт Қобилов муқовимати сахт нишон дода, сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Самариддин Чуяновро  захмӣ кард, – хабар медиҳад манбаъ. – Боздоштшуда саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буд”.

Гуфта мешавад, рӯзи 1 майи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ Шароф Қобилов тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Он замон микдори  махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки Қобилов ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парванлдаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба вазъи саломатии Чуянов ҳеҷ хатаре таҳдид надошта, ӯ дар бемористон бистарӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.