Раиси Душанбе вирусологҳои Чинро ба кумаки табибони пойтахт даъват кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Чин ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19   ба шаҳри Душанбе омаданд.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҳамчунин ба шаҳрдории Душанбе 15 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ), 2 400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9 500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ,  45 000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45 000 дона бахил ва зиёда аз 3 000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак  дастрас шуд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми кумак дар маҷмӯъ маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуд.

Чанде пеш як гурӯҳи вирусшиносони Ӯзбекистон, ки муддати 13 рӯз ба ҳамтоёни тоҷики худ дар мубориза бо пандемияи коронавирус кумак карданд, ба ватан баргаштанд. Онҳо изҳори итминон карданд, ки табибони тоҷик дар фурсати кӯтоҳ барои муқовимат бо коронавирус таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд.

Гурӯҳи иборат аз 8 нафари вирусшиносони Ӯзбекистон рӯзи 8 май бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳавопаймои Вазорати мудофиаи ин кишвар ба Душанбе омаданд, ки дар он кумаки башардӯстонаи кишвари ҳамсоя низ оварда шуд.

То шоми рӯзи 24 май шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 929 нафар расид. Шумори фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 46 нафарро ташкил медиҳад. Тамоми ин муддат дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 301 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...