Бозгашти 237 тоҷикистонӣ аз Маскав ба Душанбе ва дар Ромит ба карантин гирифтани онҳо

Субҳи имрӯз, 25 май аз шаҳри Москва 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва 13 ҷасади ҳамватанон, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтидаанд,  ба шаҳри Душанбе таҳвил дода шуданд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, аз теъдоди умумии шаҳрвандони баргашта 197 нафар дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор дошта, пас аз ихроҷ бепул ба […]

Субҳи имрӯз, 25 май аз шаҳри Москва 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва 13 ҷасади ҳамватанон, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтидаанд,  ба шаҳри Душанбе таҳвил дода шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, аз теъдоди умумии шаҳрвандони баргашта 197 нафар дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор дошта, пас аз ихроҷ бепул ба ватан оварда шуданд.

Мусофирони боқимондаи хатсайри махсуси ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки ба пойтахти Тоҷикистон барои ба ватан бурдани омӯзгорони Русия омад, аз ҳисоби худ ба ин хатсайр билет харидаанд.

Дар бораи ба чӣ миқдор маблағ харидорӣ шудани билетҳо ба ин парвоз аз ҷониби тоҷикистониёни дар Маскав дармонда маълумот дода намешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” маълум шуд, ҳамаи мусофирони аз Маскав омадаро дар минтақаи истироҳати “Садбарг” дар дараи Ромит ба карантини дуҳафтаина ҷойгир кардаанд.

Ҳавопаймои ширкати “ЮтЭйр” бо омӯзгорони дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи Русия ва инчунин дигар шаҳрвандони Русия, ки бо сабаби паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон мондаанд, имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия роҳ пеш мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.