Раиси ноҳияи Шаҳритӯс: Нуқтаҳои савдое, ки аз сӯхтор зарар диданд, барқарор карда мешаванд

Раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷаббори Ғаффор ваъда кард, ки ҳамаи нуқтаҳои савдои аз сӯхтори рӯзи 24 май осебдида аз ҳисоби “Тоҷикматлубот” барқарор карда мешаванд.  “Мо имрӯз бо соҳибкороне, ки дар ин бозор фаъолият мекарданду аз сӯхтор зарар дидаанд, сӯҳбат доштем. Ба хулосае омадем, ки бозор дар тавозуни “Тоҷикматлубот” буда, онҳо барқарор мекунанд. Вобаста ба дигар кумакҳо баъди натиҷаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷаббори Ғаффор ваъда кард, ки ҳамаи нуқтаҳои савдои аз сӯхтори рӯзи 24 май осебдида аз ҳисоби “Тоҷикматлубот” барқарор карда мешаванд. 

“Мо имрӯз бо соҳибкороне, ки дар ин бозор фаъолият мекарданду аз сӯхтор зарар дидаанд, сӯҳбат доштем. Ба хулосае омадем, ки бозор дар тавозуни “Тоҷикматлубот” буда, онҳо барқарор мекунанд. Вобаста ба дигар кумакҳо баъди натиҷаи таҳқиқот сӯҳбат хоҳем кард. Шояд бо машварат бо бонкҳо ба он соҳибкороне, қарзи бонкӣ доранд, барояшон имтиёз дода мешавад ё пардохти қарзҳояшонро ба то як муддат ба таъхир меандозанд” – гуфт раиси ноҳия.

Ба гуфти раиси ноҳия, бар асари сӯхтор бозори марказии ноҳия қариб ба пуррагӣ сӯхтааст. Тақрибан ҳудуди 1000 нуқтаи савдо ва мағозаю фурӯшгоҳҳо сӯхтаанд.

Қобили зикр аст, ки сӯхтор дирӯз 24 май  тахминан соатҳои 17 сар задааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, қисме аз соҳибкорон сари вақт хабар ёфтаву тавонистаанд қисми молҳояшонро аз сӯхтор наҷот диҳанд.

Зиё, як соҳибкоре, ки дар ин бозор дорухона дорад, мегӯяд, онҳо тавонистанд маводҳои доруворӣ ва дигар ашёи дорухонаашонро наҷот бидиҳанд.

“Мо наздикиҳои соатҳои 17 аз сӯхтор хабар ёфтем ва бо наздиконам расида омадем. Дорухонаи мо болопӯшаш бетонист ва аз ин ҳисоб имкон ёфтем, то маводи доруворӣ ва таҳҷизоти заруриямонро наҷот бидиҳем. Бом сӯхт, вале дохили дорухона камтар зарар дидааст” – гуфт ин соҳибкор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.