Эҳтимоли ҷорӣ шудани ҷарима барои ниқоб надоштан дар кӯча

Як гурӯҳ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тасҳеҳ ворид карда шавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дод, мувофиқи ин ташаббуси вакилон, барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷарима ҷорӣ кардан зарур аст. “Вакилон бо сабаби дар кишвар на аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як гурӯҳ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тасҳеҳ ворид карда шавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дод, мувофиқи ин ташаббуси вакилон, барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷарима ҷорӣ кардан зарур аст.

“Вакилон бо сабаби дар кишвар на аз ҷониби ҳама риоя шудани қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҳатман ниқоб доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва нақлиёт, ин масъаларо ба миён гузоштанд”, – қайд кард манбаъ.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шахсоне, ки бе ниқоб гаштугузор мекунанд, танҳо суҳбат гузаронида, онҳоро огоҳ мекунанд.

Гурӯҳи вакилони мардумӣ ҳамчунин пешниҳод намудаанд, ки талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бахши риояи қоида ва меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва санитариву эпидемиологӣ низ пурзӯртар карда шавад.

Айни замон барои риоя нашудани ин меъёрҳо ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Вакилон боло бурдани ҳаҷми ин ҷаримаро ба маблағи аз 174 то 406 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Вобаста ба пандемия дар Тоҷикистон расман карантин эълон нашуда, лекин рӯзи аввали эълони ҳолатҳои аввали ошкор шудани сироят дар кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 қарор кард, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳама шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.