Бозгашти 22 шаҳрванди Тоҷикистон аз Красноярск ба ватан

Шоми 26 май 22 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Красноярск ба Ватан баргардонида шуданд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамчунин бо парвози мазкури ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ҷасади 1 шаҳрванди кишвар ба Душанбе интиқол дода шуд. Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, шоми ҳамин […]

asia+, asia+

Шоми 26 май 22 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Красноярск ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамчунин бо парвози мазкури ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ҷасади 1 шаҳрванди кишвар ба Душанбе интиқол дода шуд.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, шоми ҳамин рӯз инчунин 200 нафар шаҳрвандони Русия, аз ҷумла 5 нафар кӯдакон бо хатсайри махсуси Душанбе – Красноярски ширкати “Уральские авиалинии” Тоҷикистонро тарк карданд.

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

“Аз ҳамаи касони ба ватан баргашта тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, – гуфт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.