Ёдгор Файзов дар дармонгоҳи Оғо Хон дар Хоруғ бистарӣ шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ҳамсари ӯ ба гумони гирифторӣ ба сирояти коронавирус дар дармонгоҳи Оғо Хон дар шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, тести ташхиси коронавируси аз онҳо гирифташуда, ба Душанбе фиристода шуда, лекин ҳоло посухи он нарасидааст. “Табибон вазъи солимии раиси […]

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ҳамсари ӯ ба гумони гирифторӣ ба сирояти коронавирус дар дармонгоҳи Оғо Хон дар шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, тести ташхиси коронавируси аз онҳо гирифташуда, ба Душанбе фиристода шуда, лекин ҳоло посухи он нарасидааст.

“Табибон вазъи солимии раиси вилоятро муътадил арзёбӣ мекунанд. Ӯ табобати зиддивирусӣ мегирад”, – гуфт Ниятбеков ва илова намуд, ки ҳамсари Файзов шояд аз дармонгоҳ рухсатӣ шуда, зери муоинаи табибон дар хона муолиҷа гирад.

Ба қавли котиби матбуотӣ, Ёдгор Файзов тариқи телефон бо кормандони ҳукумат дар тамос буда, ҳамаи масъалаҳо низ ба ин васила бо ӯ мувофиқа мешаванд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Ёдгор Файзов ба бемории Covid-19 гирифтор шудааст, лекин дар ҳукумати вилоят ин маълумотро рад карда, изҳор доштанд, ки ӯ дар кор қарор дошта, бемор нест.

Ниятбеков дар ин робита зикр кард, ки дарвоқеъ он замон раиси вилоят бемор набуда, дар ҷойи кориаш қарор дошт.

“Он замон Файзов бемор набуд ва мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар додем. Лекин баъди пайдо шудани аломатҳои вирус ӯ бистарӣ шуда, ба бемории коронавирус мубтало шудани раиси вилоят алҳол маълум нест. Натиҷаҳои ташхисро интизорем”, – илова кард Ниятбеков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.