Дар шароити коронавирус тоҷикистониён ба истифода аз троллейбус афзалият медиҳанд

Моҳи апрели соли равон бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба ҳудуди 52,4 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,4% камтар аст. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ қариб 10% ва нақлиёти роҳи оҳан – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи апрели соли равон бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба ҳудуди 52,4 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,4% камтар аст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ қариб 10% ва нақлиёти роҳи оҳан – 38% коҳиш ёфта, тариқи ҳавопаймо мусофиркашонӣ сурат нагирифтааст.

Лекин хизматрасонӣ ба мусофирон тавассути нақлиёти барқӣ қариб ба андозаи 50% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи нақлиёти барқӣ дар ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамагӣ 3,3%-ро ташкил додааст. Бо ин навъи нақлиёт дар як моҳ ба андаке бештар аз 1,7 ҳазор кас хизматрасонӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи гузашта ҳаҷми боркашонӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ (12,8%) кам шуда, аммо тавассути нақлиёти роҳи оҳан (40,5%) афзуд. Ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ боркашонӣ амалӣ нашудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи апрели соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт ба андозаи 8,8% коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.