Ҳамаи камбудиҳо дар сохтмони масҷиди ҷомеи Душанбе бартараф шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон санади комиссияи давлатиро дар бораи мавриди истифода қабул гардидани Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе тасдиқ кард. “Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон иншооти мазкурро ба тавозунаш қабул кунад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат. Дар санади комиссияи давлатӣ қайд мешавад, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани иншоот 91,7 млн доллар маблағ сарф шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон санади комиссияи давлатиро дар бораи мавриди истифода қабул гардидани Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе тасдиқ кард.

“Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон иншооти мазкурро ба тавозунаш қабул кунад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат.

Дар санади комиссияи давлатӣ қайд мешавад, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани иншоот 91,7 млн доллар маблағ сарф шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки арзиши лоиҳа 100 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Давлати Қатар ҷудо мекунад.

Дар санади комиссия зикр мегардад, ки сохтмони масҷид моҳи декабри соли 2011 оғоз гардида, 1 декабри соли 2019 ба охир расид. Лоиҳакаши кулли иншоот ширкати “ДАР”-и Қатар ва паймонкори кулли сохтмон – ширкати “СТС-Иншоот”-и Тоҷикистон мебошанд. Дар сохтмони масҷид ҳамчунин 7 паймонкори фаръӣ низ иштирок карданд.

Қаламрави даромад ба масҷид аз се тараф 12 гектар ва майдони ҳавлии он 92 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамаи камбуду ноқисиҳое, ки дар сохтмони иншоот аз ҷониби комиссияҳои корӣ ошкор гардидаанд, бартараф карда шудааст.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.