Дар 2 каси аз Русия ба Тоҷикистон баргашта коронавирус ошкор шудааст

Дар ду нафаре, ки рӯзи 24 май бо хатсайри махсус аз Маскав ба Тоҷикистон омаданд, тести ташхиси коронавирус натиҷаи мусбат додааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз мусофирони ин хатсайр хабар дод. Ҳамаи 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро пас аз ба Душанбе омадан дарҳол ба Ромит бурда, дар истироҳатгоҳҳои “Садбарг” ва “Коргар-ҷавонон” ҷойгир карданд. Дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар ду нафаре, ки рӯзи 24 май бо хатсайри махсус аз Маскав ба Тоҷикистон омаданд, тести ташхиси коронавирус натиҷаи мусбат додааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз мусофирони ин хатсайр хабар дод.

Ҳамаи 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро пас аз ба Душанбе омадан дарҳол ба Ромит бурда, дар истироҳатгоҳҳои “Садбарг” ва “Коргар-ҷавонон” ҷойгир карданд. Дар он ҷо аз ҳамаи онҳо тести ташхиси коронавирус гирифта шуд.

“Ба мо эълон карданд, ки танҳо дар 2 нафар коронавирус ошкор шудааст. Боқимонда моро ба хонаҳоямон рухсат дода, тавсия доданд, ки ба хотири бехатарӣ 14 рӯз худро дар хонаҳоямон ҷудо нигоҳ дорем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз мусофироне, ки бо хатсайри “ЮтЭйр” ба Душанбе омадааст.

Қобили зикр аст, ки субҳи рӯзи 26 май 159 нафар тоҷикистониён, ки чандин моҳ дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ қарор доштанд, низ аз шаҳри Екатеринбурги Русия ба Душанбе оварда шуданд, лекин Вазорати тандурустӣ бобати дар куҷо ба карантин ҷойгир кардани онҳо, инчунин дар мусофирони аз Маскав баргашта ошкор шудани коронавирус маълумот намедиҳад.

Як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

“Аз ҳамаи касони ба ватан баргашта тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, – гуфт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.