Кумаки корбарони «Азия-Плюс» ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон расонида шуд

Кумаки ба Хуҷанд фиристода ба шарикони иқдоми “Азия-Плюс” – гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд – «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) мувофиқи таъинот истифода шуд. Тавре ба Шумо – корбарони муҳтарами “Азия-Плюс”, ки ба ин иқдоми мубориза бо COVID-19  саҳм мегузоранд, қаблан хабар дода будем, пеш аз Иди Рамазон аз маблағи ҷамъоваришуда “Азия-Плюс” 5 […]

Asia-Plus

Кумаки ба Хуҷанд фиристода ба шарикони иқдоми “Азия-Плюс” – гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд – «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) мувофиқи таъинот истифода шуд.

Тавре ба Шумо – корбарони муҳтарами “Азия-Плюс”, ки ба ин иқдоми мубориза бо COVID-19  саҳм мегузоранд, қаблан хабар дода будем, пеш аз Иди Рамазон аз маблағи ҷамъоваришуда “Азия-Плюс” 5 ҳазор сомониашро ба шариконамон ба Хуҷанд фиристод.

Ҳисоботи онҳо ба мо расид.

Ихтиёриён воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ВМИ) харида, ба беморхонаҳои вилоят додаанд, аз ҷумла кумаки хонандагони “Азия-Плюс” ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон дастрас шудааст.

Навиштаи шарикони суғдии мо:

“…Барои 5 ҳазор сомонӣ кумак ва дастгирӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои иқдоми #asiaplus4tajikistan ба мо фиристода шуда, ба ин маърака фаъолтарин корбарони писандидатарин расонаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон – Азия + ҳамовозӣ пайдо карданд, ба дастаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” самимона изҳори сипос мекунем”.

Сипос барои ҳамкорӣ «Операция СИЗ Худжанд»! Иқдоми мо – “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” идома дорад – то имрӯз дар суратҳисоби мо 53825,32 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.