Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон кам мешавад

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 26 май ба 3 ҳазору 266 нафар расид: давоми як шабонарӯз 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба рӯзҳои пешин камтар аст. Давоми шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 47 […]

Asia-Plus

Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 26 май ба 3 ҳазору 266 нафар расид: давоми як шабонарӯз 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба рӯзҳои пешин камтар аст.

Давоми шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 47 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 26 май дар мамлакат 2588 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 436 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 1 ҳазору 417 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.