Ёдгор Файзов дар дармонгоҳи Оғо Хон дар Хоруғ бистарӣ шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ҳамсари ӯ ба гумони гирифторӣ ба сирояти коронавирус дар дармонгоҳи Оғо Хон дар шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, тести ташхиси коронавируси аз онҳо гирифташуда, ба Душанбе фиристода шуда, лекин ҳоло посухи он нарасидааст.

“Табибон вазъи солимии раиси вилоятро муътадил арзёбӣ мекунанд. Ӯ табобати зиддивирусӣ мегирад”, – гуфт Ниятбеков ва илова намуд, ки ҳамсари Файзов шояд аз дармонгоҳ рухсатӣ шуда, зери муоинаи табибон дар хона муолиҷа гирад.

Ба қавли котиби матбуотӣ, Ёдгор Файзов тариқи телефон бо кормандони ҳукумат дар тамос буда, ҳамаи масъалаҳо низ ба ин васила бо ӯ мувофиқа мешаванд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Ёдгор Файзов ба бемории Covid-19 гирифтор шудааст, лекин дар ҳукумати вилоят ин маълумотро рад карда, изҳор доштанд, ки ӯ дар кор қарор дошта, бемор нест.

Ниятбеков дар ин робита зикр кард, ки дарвоқеъ он замон раиси вилоят бемор набуда, дар ҷойи кориаш қарор дошт.

“Он замон Файзов бемор набуд ва мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар додем. Лекин баъди пайдо шудани аломатҳои вирус ӯ бистарӣ шуда, ба бемории коронавирус мубтало шудани раиси вилоят алҳол маълум нест. Натиҷаҳои ташхисро интизорем”, – илова кард Ниятбеков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...