Омодакунии истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакону наврасон

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар соли ҷорӣ қарор қабул кард. Ба сохторҳои марбута ҷиҳати то охири моҳи май ба охир расонидани корҳои сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани иншоот дар макони истироҳати кӯдакону наврасон дастур дода шудааст. Гуфта мешавад, ба ифтитоҳи истироҳатгоҳҳо танҳо бар асоси хулосаи мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва сӯхторнишонӣ иҷоза дода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар соли ҷорӣ қарор қабул кард.

Ба сохторҳои марбута ҷиҳати то охири моҳи май ба охир расонидани корҳои сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани иншоот дар макони истироҳати кӯдакону наврасон дастур дода шудааст.

Гуфта мешавад, ба ифтитоҳи истироҳатгоҳҳо танҳо бар асоси хулосаи мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва сӯхторнишонӣ иҷоза дода мешавад.

Супориш дода мешавад, ки барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон аз буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағ ҷудо карда шавад.

Ҳамчунин ба андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ташкили истироҳатгоҳҳои корӣ ва таълимӣ бо истифода аз дигар сарчашмаҳо ишора мешавад.

Вазорати тандурустӣ ба таъмини истироҳатгоҳу макони тафреҳ бо мутахассисони зарурии тиббӣ, назорати вазъияти санитарӣ гигиении истироҳатгоҳҳо ва Хадамоти алоқа ба таъмини иртиботи доимии телефонӣ бо ҷойҳои истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон уҳдадор шуданд.

Ба Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба аз ҳисоби маблағҳои буҷет харидани роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бесарпараст ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла кӯдакони дар таъминоти давлат қарордошта дар мактаб-интернатҳо, инчунин кӯдакони лаёқатманд ва фарзандони кормандони бахши кишоварзӣ тавсия дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.