Беморхонаҳои Душанбе ба фаъолияти муқаррарӣ бармегарданд

Ҳамаи беморхонаҳои шаҳр аз аввали моҳи май барои қабул ва муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус омода шуда буданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, баъди як моҳ, рӯзи 4 июн ҳамаи беморони аз COVID-19 шифоёфта аз баъзе беморхонаҳои шаҳр ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз 8 июн дармонгоҳи гастроэнтерология […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳамаи беморхонаҳои шаҳр аз аввали моҳи май барои қабул ва муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус омода шуда буданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, баъди як моҳ, рӯзи 4 июн ҳамаи беморони аз COVID-19 шифоёфта аз баъзе беморхонаҳои шаҳр ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 8 июн дармонгоҳи гастроэнтерология (клиникаи Мансуров)-и ҷумҳурӣ, беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморони коронавирус омода гардида буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида мешаванд.

То рӯзи душанбе дар муассисаҳои тиббии дар боло зикршуда корҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошта буд, ки  акнун беморони COVID-19 танҳо дар 2 беморхонаи сироятӣ – қисман дар “Шифобахш” (Қарияи Боло) ва ду корпуси беморхонаи “Истиқлол” қабул карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.