Имкони бурди туҳфаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Tcell бо таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба муҳити зист

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell озмуни эҷодии экологии “Эко Патрул” -ро эълон менамоянд. Дар бораи он ки Шумо чӣ гуна ба муҳити зист ғамхорӣ мекунед,  видеоролик (навор)-ҳоро ирсол намоед ва соҳиби планшетҳо, роутерҳо, соатҳои ҳушманд ва “YouTube бемаҳдуд” шавед! Озмун 5 июн -дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист оғоз […]

Иттилоияи расмӣ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell озмуни эҷодии экологии “Эко Патрул” -ро эълон менамоянд. Дар бораи он ки Шумо чӣ гуна ба муҳити зист ғамхорӣ мекунед,  видеоролик (навор)-ҳоро ирсол намоед ва соҳиби планшетҳо, роутерҳо, соатҳои ҳушманд ва “YouTube бемаҳдуд” шавед!

Озмун 5 июн -дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист оғоз ёфта, то 5 июл идома меёбад. Озмун барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамватанон ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Озмуни онлайн дар сафҳаҳои Facebook ва YouTube-и Кумита ҷараён хоҳад гирифт. Барои иштирок дар озмун, ҳамаи дӯстдорони табиат метавонанд видеоҳоро дар мавзӯъҳои экологӣ фиристанд (масалан, монологҳо дар бораи ҷашнҳои муҳими экологӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайвоноти нодир, олами набототу ҳайвонот, масъалаҳои ҷории муҳити зист, санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили Консепсияи Стокҳолм ва Порис, навори экологӣ дарбораи  табиат, риояи чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус) дар Viber, Telegram, Imo ва WhatsApp бо телефони +992 777 16 22 75)

Тибқи натиҷаҳои мусобиқа, комиссияи иборат аз масъулини ширкати Tcell ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист 3 ғолибро муайяну интихоб мекунад, ки ғамхории худро ба табиати Ватани маҳбубамон бо роҳи рангину возеҳ нишон медиҳанд. Ғолибе, ки ҷои 1-умро мегирад, соҳиби планшет мешавад, нафаре, ки мақоми дуюмро ишғол менамояд, роутер бо Интернет барои 6 моҳ ва барандаи ҷои 3-юм рақами зебо бо YouTubeи 3 моҳаро ба даст меоранд.

Ширкати Tcell тасмим гирифтааст, ки тариқи роҳандозии тарофа ва бастаҳои “Эко”   таваҷҷӯҳи бештарро ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намояд. Ҳар як муштарӣ, ки тарофа ё бастаҳои интернетии "Эко" -ро интихоб мекунад, ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои табибон ва дорувориҳои зарурӣ барои бемористонҳо сарф хоҳад шуд.

Маълумоти бештар дар бораи бастаҳои эко: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php
Мо бесаброна мунтазири наворҳои Шумо ҳастем ва ба ҳамаи иштирокчиён пирӯзӣ таманно менамоем!

—————————-

Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.